ЛЕВАКАНТ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳунару истеъдоди миллати тоҷик ва дар сатҳи байналмилалӣ нишон додани ҳунарҳои мардумӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Ин иқдоми нек дар баробари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки қисмати зиёди онҳо бо мурури замон аз байн рафта буданд, инчунин барои шинохту муаррифии ҳунармандони зиёде мусоидат хоҳад кард.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат ва Бобоҷонова Гулҷаҳон бо яке аз шахсиятҳои барӯманди шаҳри Левакант, омӯзгори ботаҷриба, модари мушфиқ, зани саропо ҳунар Баротова Зебо суҳбате доштанд.
-Маро аз хурдсолӣ дар дил ҳавас ва меҳру муҳаббат ба ҳунари дӯзандагӣ буд. Ин касбро аз самими дил дӯст доштам, нозукиҳояшро омӯхтам ва ҳар рӯз мекӯшидам то онро боз ҳам хубтар омӯзаму сайқал диҳам, чунки ин ҳунар бароям ҳамчун мероси гаронбаҳо аз ниёгон, яъне гузаштагон чун амонат мондааст, то мо биомӯзему сайқал дода, ба дигарон омӯзонда бошем, мегӯяд зимни суҳбат зани чирадасту ҳунарманд Баротова Зебо.
Дар ҳақиқат, дарк намудам, ки ҳаёти ҳунарманд бе ҳунар ҳеҷ аст ва ҳунар аст, ки ба қалбу рӯҳи кас нерӯву тавони тоза мебахшад. Ин зани ҳунарманду барнодил тӯли солҳои дароз кӯшидааст, ки ҳунарҳои мардумии чандинҳазорсоларо эҳё намояд ва ба ҷавондухтарони касбомӯзи Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант омӯзонад. Ӯ кӯшиш намудааст, то тамоми ҳунарҳои миллиро бо нозукиҳояш ба фарзандон ва шогирдони худ омӯзонад, то онҳо давомдиҳандаи ҳунарҳои мардумӣ бошанд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд, ки мо халқи куҳанбунёди тоҷикему миллати моро дар мамолики ҷаҳон бо ҳунарҳои мардумӣ мешиносанд.