БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

КӮШОНИЁН. Бахшида ба таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ, дар партави дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” - мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Файзализода Абӯбакр дар якҷоягӣ бо иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия аёдати собиқадорони соҳа ба роҳ монда шуд, ки онҳо айни замон давлати пирӣ меронанд. Собиқадори соҳа Миралиев Абдураҳим ба синни 83 солагӣ расида, 40 соли хаёти худро дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Собиқадори дигари соҳаи маориф Каримов Эргаш ба синни 85 солагӣ расида, 50 соли умри худро дар таълиму тарбияи насли наврас сарф намудааст. Айни замон онҳо маъюби гурӯҳи якум буда, зери ғамхориҳои давлату Ҳукумат қарор доранд. Ба ин собиқадорони соҳа кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg