БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – НЕРӮИ ТАВОНОИ СИЁСИИ КИШВАР

АНДЕША. 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ, ки мо онро 9 - уми сентябри соли равон қайд кардем, ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номус, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи тоза бахшид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯсиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовор пайдо намудаст. 10 – уми декабр ин ҳизби созанда ва бунёдкор 27 - умин солгарди таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Ҳизбе, ки тавонист қишрҳои гуногуни ҷомеаро, ки дар зиддияти ҳамдигар қарор доштанд, сари як миз ҷамъ биораду миллати зиёда аз 1000 сол аз давлатдории миллӣ бенасибмондаро соҳибдавлат кунад.

Бо назардошти таҳаввулоту шаклгирии фазои сиёсии ҷаҳонӣ ва раванди омӯзиши таърихӣ, ташаккули маънавиёти ҷомеа ба як хулоса расидан мумкин аст, ки дар миёни ҳамаи сохторҳои мавҷудаи низоми давлатдорӣ танҳо ҳизби сиёсии пурқувват метавонад мафкураи ҷомеаро ба даст гирад, тарбия намояд, шакл диҳад ва ба истифодаи дурусти шохаҳои ҳокимият ин тафаккурро ба самти давлатсозию миллатсозӣ раҳнамоӣ кунад.

Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Бист қадами созанда” бахшида ба 20 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз он рӯзҳои таъсисёбии ҳизб чунин навиштааст: “Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем. Мо ба хотири Ваҳдати миллӣ дар сафҳои ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои растохезу, ҳам диндорон, ҳам фронти халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухталифро пазируфтем. Зеро ғояи аслии ҳизби мо, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии мӯътадил ба вуҷуд омада буд, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ буд. Мо барои ғояҳои гурӯҳии худ аз ҳадафҳои миллӣ даст кашида наметавонистем. Мо бо мардум будем, мардум бо мо буд”.

Дар ин замина мо масъулони ҳизбӣ бояд дарк намоем, ки Роҳбари давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо дар роҳи ватансозӣ умедҳои калон доранд. Мо низ дар навбати худ дар назди халқу давлат масъулияти бузургро ба душ дорем. Бо назардошти ин месазад, ки корро тавре ба роҳ монем, ки аз кормандони масъули ҳизб сар карда, то аъзои қаторӣ дар ҳамаи самту соҳаҳои фаъолияти худ намунаи аҳли ҷомеа бошем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 27 - соли фаъолияти худ исбот намуд, ки ба ҳар амали созанда ва таблиғоти давлату кишвар равона гашта, метавон роҳҳои ҳаллу фасли тамоми душвориҳоро пайдо кард ва ба ин васила пешравиҳои рӯзафзуни давлату ҷомеаро таъмин намуд.

Дар шароити имрӯза ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бахусус, масъулини ҳизб сиёсати хирадмандонаю созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро дуруст дарк карда, моҳияти онро ба мардум расонида истодаанд ва мардумро дар раванди корҳои бунёдкорӣ фаъол намуданд. Имрӯз ҷомеа ба қувваи пешбаранда ва раҳнамунсоз ниёз дорад. Бешак метавон гуфт, ки дар шароити имрӯза ҳамин қувва масъулин ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Мо аз таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон медонем, ҳизбу ҳаракатҳо барои ташаккулу такмили ҷомеа фаъолият мебаранд ва дар корҳои давлатдорӣ ҳиссаи худро гузошта, ормонҳои мардумро ба барномаи созандаи хеш амалӣ мегардонанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ мунтазам чорабиниҳои фарҳангиву оммавиро баргузор карда, ба тавсеаи худшиносиву ватандӯстии шаҳрвандон ва тарғиби фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор мебошад.

Ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба як майдони созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Сокинони баору номуси ноҳия, аз он ҷумла аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин маъракаи муҳими созандагиву бунёдкорӣ ҳамроҳ гардида, дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносби  худро гузоштанд.

Имрӯзҳо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ самти фаъолияти худро ба он равона намуда истодаанд, ки ғояҳои сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҳарчи бештар дар байни мардум ташвиқу таблиғ гарданд. Дар маркази диққати гурӯҳҳои таблиғотӣ дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистон ва пешрафту комёбиҳо қарор дошта ба ин васила ба мухолифони сиёсии Ҳукумат, ки равнақи иқтисоду иҷтимоиёти кишварро нодида мегиранд, ҷавоби муносиб дода истодаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ҲХДТ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолтарин ва нерӯмандтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ мебошад ва сиёсаташро дар самти амалисозии ҳадафҳои Барномавию Оинномавии ҲХДТ тадбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маънавии мардум амалӣ намуда, дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ва ташаккул додани мафкураи миллӣ саҳми назаррас дорад.

Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Г. Сайдалиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg