ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ҷамаоти деҳоти Гулистон" маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид.
Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ҷамаоти деҳоти Гулистон" Шарипова Хирмо дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 шунида шуда, нақшаи корӣ барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза оид ба масъалаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ баромад намуда, бо изҳори нигаронӣ ба масъулини ташкилот барои иҷрои нақшаи обуна ба нашрияи “Ҳамрози халқ” таъкид кард, ки ҳарчи зудтар нақшаи обунаро ба итмом расонанд.
Дар охири маҷлис ҳисоботи ташкилот хуб арзёбӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд ва ду нафар кадрҳои ҷавон барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ аризаҳои худро пешниҳод намуданд.