ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии "МНДСЭ"-и ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонова Моҳшариф дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 шунида шуд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, сидқан фаъолият намудан баҳри зиндагии шоиста ва ободии кишвари маҳбуб суханронӣ намуд ва дар идома фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ хуб арзёбӣ карда шуд.
Бояд қайд намоем, ки ташкилоти ибтидоии болозикр яке аз ташкилотҳои беҳтарин буда, нақшаи обуна барои нашрияҳои ҳизбиро низ пеш аз муҳлат иҷро намудааст ва ҳуҷҷатгузории ташкилот бошад, тибқи Роҳнамо ба роҳ монда шудааст.