БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ - ПЕШРАФТИ ЗИНДАГӢ

АНДЕША. Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангўӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст.

 Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, «…рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқттисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст».

Қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рўзғор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чуну чаро ин Қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст.

Фарҳанг ифодагари рўҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Фарҳанг муҳофизаткунандаи муҳит аст.

Бояд зикр намуд, ки иҷрои талаботи Қонун вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Бемасъулиятии  бархе масъулон ҷомеаро бо умқи ноумедӣ ва нокомӣ мекашад. Дасту дили зертобеъон, муроҷиаткунандагон аз чунин рафтору гуфтор, муомилаҳо сард мегардад. Дар натиҷа майдони бемайлони таассубкорӣ, ифротгароӣ, рў овардан ба фарҳанги бегона, даст задан ба ҷинояткорию фасод сар мезанад. Чунки фарҳанги маънавӣ фарогири шуур, донишу маърифат, ахлоқ, тарбия, ҳуқуқ, фалсафа, эстетика, этика, илм, санъат, адабиёт, асотир ва дин мебошад. Он дастовардҳое, ки инсоният дар тўли фаъолияти дуру дарози таърихи худ ба вуҷуд овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд, ки аз рўи маънию моҳият ҳаммаъно мебошанд. Маданият маънои шаҳрдорӣ, яъне сокини шаҳр ва шаҳрванд буданро ифода менамояд.

Дар тӯли таърих аз ҷониби истилогарони аҷнабӣ бисёр кӯшишҳои аз байн бурдани забон, адабиёт, фарҳанг, илм, маориф, санъат ва умуман ҳуввияту худшиносии миллати тоҷик ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо миллати озодандешу ободкори мо ҳамаи мадду ҷазр ва тӯфонҳои харобкори зиндагиро бо нерӯи созандаи худ паси сар карда, аз имтиҳони пуршиддати таърих шарофатмандона гузашт ва имрӯз бо сарварии Пешвои худ ба бунёди як ҷомеаи воқеан миллӣ камар бастааст ва умед аст, ки мо дар ҳама ҷода ба комёбиҳо муваффақ хоҳем шуд.

Ғафурзода Рухсора, корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg