БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИК

АНДЕША. Санаи 16-уми ноябр барои миллати тоҷик дар воқеъ рӯзи муқаддас ва тақдирсоз буда,  29 сол муқаддам дар ин санаи муборак   ба бахти миллати тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.    

Дар иҷлосияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демакратии Тоҷикистон аз ҷониби вакилон ҳамчун сарвари давлат интихоб гардид. Таърих гувоҳи он аст, ки дар солҳои навадуми асри гузашта, фурсатталабон ва бадхоҳону бадкешони миллат ба сари мардуми мо чӣ рӯзҳои нангину сангинеро бор карданд. Миллати моро ба қавму қабила, маҳалу минтақа ҷудо намуда, ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуширо роҳандозӣ намуданд. Миллат дошт рӯ ба таназзул мениҳод эътиқоду боварӣ аз байн рафта буд, бародар дар симои бародар душмани ҷонии худро медид. Моликияти ҷамъиятӣ ва хусусӣ бе ибо ба яғмо мерафт. Пардаи сиёҳи ҷаҳолату нафрат ончунон чашмҳои баъзе ашхосро пӯшида буд, ки аз рехтани хуни гарм ва сӯхтани хонаи ҳамсоя ҳаловат мебурд, васоили шахсии гурезаҳои иҷборӣ, ки хонаву дари худро ноилоҷ тарк карда буданд, ҳамчун ғанимати муфт тасаоруф карда мешуд. Замоне пеш омада буд, ки духтарони қадрас ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар сафар намудан додару хоҳарони хурдсоли худро дар бағал мегирифтанд ва худро ҳамчун занҳои кӯдакдор вонамуд мекарданд то ин, ки қубони нафси шаҳвонии нокасу нохалафе нагарданд. Тифлакони маъсум аз пистони модари сарсону саргардон ва аз ғояти гуруснагӣ ба танг омада, ки барои ёфтани як бурда нон намедонист сари худро ба кадом дару девор занад, умед дошт ғизое дарёфт намояд.  Модари  бечора ҳамчун мурғи дар зери борон  монда барои аз сардӣ эмин доштани ҷӯҷаҳои худ ҳозир буд ҷони худро аз даст диҳад. Доғе, ки дар дилу ҷигари падарону модарон ва фарзандони волидайнгумкарда мондааст  ҳанӯз ҳам дорад ба сӯзиши худ идома медиҳад.

Ба бахти миллати саргардони тоҷик санаи 16- уми ноябр Худованд нафареро рӯи кор овард, ки ба ҳама бесарусомониҳои давр таввасути сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи худ хотима бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои милат он орзую ормонҳои қариб аз даст рафтаи тоҷиконро амалӣ намуд. Солҳо хоҳад гузашт ва дар саҳифаҳои таърих корнамоиҳои ин абармарди сиёсатмадор сулхоҳу сулҳовар абадан сабт хоҳад гашт. Аз ин хотир ҳамаи мардуми тоҷикро зарур аст сиёсати буёдкорона ва раъиятпарваронаро сармашки кори худ намуда, дар ободии кишвари азизамон саҳм гузорем ва нагузорем, ки ҳеҷ нохалафе бо ақидаҳои ифротгаронаи худ бори дигар ба ин давлату миллат осеб расонида фазои орому осудаи бо талошу заҳматҳои зиёд ба даст овардаи моро ғуборолуд намояд.

Яқубов Аҷикулло, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Балҷувон  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg