БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ФАРҚЕ АЗ ИБЛИС НАДОРАНД

ВОКУНИШ. Инсон мавҷудотест, ки, пеш аз ҳама, дорои шараф ва номус аст, вагарна инсони шарафу номус гумкарда ҳеч фарқе аз иблис надошта, маънои ҳастияш гум шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки хоин фарзандони ин сарзамин, ки имрӯз дар Варшава беномусона пинҳон шуда, миллату давлатро барои таваллуд шудани худ айбдор карда истодаанд, ба қатори чунин беномусонанд, ки барояшон ягон арзише мавҷуд набуда, фақат ғуломона ва манқуртона бо дастури хоҷагонашон тамоми қартаҳоро бозӣ даровардан мехоҳанд, то ин, ки имиҷи давлату миллатро дар ҷаҳон паст намоянд. Оё ин нишонаи ватандӯстӣ аст? Оё онҳо миллатдӯстанд? Ҳаргиз не. Ин манқуртон ҳудро тоҷику тоҷикистонӣ ном бурда, зарраи шарму ҳаё накарда, ҳама воситаҳоро истифода бурда истодаанд, ки чун фоҳишаҳои сиёсӣ дар ҳама саҳна бозӣ намоянд. Аҷибаш он аст, ки рӯйи рост аз иғво истифода бурда, маккорона симои худро ҳар лаҳза иваз намуда истодаанд. Дар роҳи ба даст овардани мақсадҳои ифлоси худ аз тамоми роҳу воситаҳо  истифода бурда истодаанд.

Имрӯза хоинони миллат зери шиорҳои исломӣ фаъолият мекунанд. Бадгӯӣ нисбати давлат, хиёнат ба миллат, аз ҳама нобахшиданиаш боз ҳам гумроҳ кардани мардум бо роҳи ташкили сӯйиқасд ба ҷони ҳамдигарӣ, тақаллуб, фанду фиреб ва дигар амалҳои гумроҳкунандаю ба доми худу хоҷагони хеш фикананда аз амалҳое ҳастанд, ҳамарӯза дар рафтору гуфтор ва кирдори ин хоинону террористон, амсоли аъзои ТЭТ ҲНИ, ТЭ Гурӯҳи 24 ва дигар гурӯҳу гурӯҳчаҳое, ки ҳамоно эҷоду таъсиси онҳо бо ҳамон як механизму ҳадаф ва таҷрибаи барвақт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ озмудашуда идома доранд, дида мешавад.

Мо ҷавонони саодатманд, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ   карда истодаем, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошем ва ба иғвову дассисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашавем.

Ишмуродов Ҳакимҷон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg