КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Соли тақвияти робита дар маҳал эълон гардидани соли 2018-ро дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро оид ба барномаҳои ҳизбӣ ва огоҳ намудан аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ шинос намуда истодаанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён зимни вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “ИБОТ”-и ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ, вохӯрӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон зимни суҳбату вохӯрӣ масъулин доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти Ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ, истифода аз захираҳои бойи маънавии таърихии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуданд.
Дар охир ба иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуданд.