БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ НАМУНАИ ИБРАТ

АНДЕША. Дар кураи замин миллату халқиятҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Ҳар яке аз гузашта то имрӯз барои озодию     истиқлолият мубориза мебурданду мебаранд. Ҳар яке  дарки миллат будану давлати соҳибистиқлол доштанро орзу менамоянд.  Миллати мо низ аз ҷумлаи ҳамин гурӯҳи ормонӣ буд, ки ҳазор сол боз  ин неъматҳо барояш орзуе буд.

Хушбахтона бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар муддати кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии ҷумҳуриро ба эътидол оварда, шаҳди соҳибистиқлолиро ба  ҳар яке аз шаҳрвандонамон чашонанд.

Хизматҳои шоистаи ин марди хирад барои халқу давлатҳои дигар низ ҳамчун намуна аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасоддуфӣ нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст. (Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия)

Ин ҳама бори дигар тамоми ҳаммиллатони дохил ва хориҷиамонро водор ба он менамояд,  то боз ҳам муттаҳиду бунёдкор бошем.

Пой дар занҷир пеши дӯстон

Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон.       (Саъдии Шерозӣ)

Раҷабзода  Маҳмадсаид, раиси   КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи Темурмалик    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg