Ш.ШОҲИН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо» бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ Асақолов Алиҷон, Неъматов Абдуҷаббор, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Худойбахшов Шамсуддин ва аъзову фаъолони ҳизб маҷлиси ҷамъбасти солона доир гардид.
Сараввал Неъматов Абдуҷҷабор ба сухан баромада, дар назди кормандони маркази ВНМО(СПИД) дар ноҳия доир ба Рӯзи байналмилаллии мубориза бар зидди ВНМО (СПИД) ва афзоиши ин вируси хатарнок дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, саҳми кормандони ин ниҳодро дар паст намудани шиарзёбӣ намуд. Инчунин, кормандони марказро ҷиҳати дар оянда софдилона ва пурмасъулият фаъолият намуданашон тавсиязои судманд дод.
Баъдан Худойбахшов Шамсуддин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо» дар муддати як соли ҳисоботӣ ҳисобот пешниҳод намуд. Маҷлиси ҷамъбасти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фарогири мавзуҳои рӯзмарра, аз ҷумла «Натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2022 » ва масъалаҳои ҷорӣ» буд.