БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАМА ЯКДИЛУ ЯКҶОНУ ЯК ТАНЕМ!

ВОКУНИШ. Мо мардуми Тоҷикистон воҳид ҳастем. Маҳз ваҳдату ягонагии мо буд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ тамоми мушкилотҳои мавҷудаи хешро паси сар намудем. Имрӯз бошад, баъзан нафарони ба мо бегона аз оддитарин ҳодиса як воқеаи баҳсангез месозанд.

Душманони мардуми Тоҷикистон намехоҳанд, ки мо муттаҳиду воҳид бошем. Онҳо аз тамоми усулҳо истифода бурда, тариқи таблиғу ташвиқи амалҳои бардурӯғ нисбати сиёсати мо туҳмату буҳтон мекунанд.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон дар таҷрибаи зиндагии хеш дидему аз сар гузаронидаем, ки ба ғайр аз хоки диёри худ касе ба рӯйи мо дарашро боз намекунад.

Мо бояд ҳамеша амнияту субот ва оромии кишвари худро беҳтарин неъмат донему онро ҳимоят кунем. Як ҳодисаи рухдодаи Бадахшон, ки рӯзҳои гузашта ба амал омад, дарҳол расонаӣ шуда, душманон аз он истифода бурда, миёни мардум иғворо меандозанд. Ҳатто аз наворҳои солҳои пешин истифода бурда, ҳодисаи ба амломадаро бузург нишон медиҳанд.

Имрӯз мақомотҳои қудратӣ тамоми ҷиноят ва амалҳои ғайриқонуниро исбот мекунанду нисбати нафароне, ки талаботи қонунро поймол намудаанд, чораҳо меандешанд.

Аз ин рӯ мо мардуми Тоҷикистон дар ҳама вазъият ба иқтидору имконияти худи такя намомему ҳар як масъалаи бавуҷудомадаро бо дарки масъулияти хештаншиносӣ ҳаллу фасл намоем. Ҳамеша ин диёр ва сарзамини худро соҳибӣ кунему ба гуфтаи рақибон гӯш надиҳем.

Насим Сабурзода,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg