БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хурофот оқибатҳои манфӣ дорад

КӮЛОБ. Зимни баргузории суҳбату мулоқотҳо имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳамбастагии ноҳиявӣ” вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонбдорони ҲХДТ доир ба самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳамбастагии ноҳиявӣ” Шарипов Мирзо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Валиева Саъбагул дар баромади худ гуфт, ки дин аз ҳама нуқтаи асосии ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад ва бо дарки ин, нахустҳуҷуми гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикастани руҳияи давлатдории миллӣ равона шудааст.

Аз ин ҷост, ки ҳамаи ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нингаронида шудааст, ки руҳи миллии мардум бо руҳи давлатӣ даромезад. Муҳим будани ин андешаро аксари мардумони хирадманд ва кишварҳое, ки садсолаҳо собиқаи давлатдорӣ доранд, пазируфтанд.

Яъне расидан ба шароити арзандаи зиндагӣ аз роҳи ваҳдату субот, сулҳу оромӣ, меҳнати софдилонаву хайрхоҳонаро шиори худ сохтан, худ фарзандонро аз таъсири ҳама гуна ақидаву андешаҳои носолим, ки боиси ихтилофу тафриқа шуданаш мумкин, эҳтиёт кардан, ҷомеаро аз оқибатҳои манфии ифроту тафрит ва хурофот огоҳонидан ва дар зеҳни онҳо хирадгароиву созандагиро мақом додан ва ғайра ба шумор меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg