ВОКУНИШ. Шукри Худованди меҳрубон, хиради азалии мардуми тоҷик боло гирифту дар шаҳри Хорӯғи Вилояти Бадахшон вазъият ором шудаву ба ҳолати муқаррарии худ баргашт. Дигар масъалаву нофаҳмиҳо аз тарафи Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ тибқи қонунгузории кишвар ҳаллу фасл хоҳанд шуд. Тартиботи ҷамъиятӣ пурра ба эътидол оварда шуда, рафту омади нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва ҳамагуна хизматрасониҳо барои аҳолӣ ба фаъолият оғоз карданд. Чи тавре, ки огоҳӣ доред, тӯли се рӯз намоишу ҳамоишҳои ғайриқонунӣ дар шаҳри Хорӯғ ташкил шуда буд. Омилҳои асосии ин нооромиҳо ба ҳама маълум аст ва ҳоҷати ба ёд овардани он нест.
Фақат ҳаминро хотиррасон карданием, ки вазъият дар Бадахшонзамин ором шуд, вале душманони миллати тоҷик, хусусан дар хориҷа будаҳо то ҳол ором нашудаанд. Тайи чанд рӯзе, ки ҳамоишҳо дар Бадахшон баргузор мегардиданд, душманони миллату давлат шабонарӯзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханрониву барномаҳо ва матлабҳои иғвоангезонаи маҳалгароиро пахшу паҳн мекарданд. Дар вазъияте, ки давлат дар роҳи ҳалли пешгирии хунрезиву нооромии кишвари азизи мо буд ва пиру ҷавон ҳама ҷонибдори сулҳу субот буданд, ин хоинони миллат хурсандиву шодии беканор доштанду бо ҳар гуна матлабҳо ва постҳои дурӯғу туҳмату таҳқирҳои зидди давлат мехостанд, ки кинаву адовати маҳалгароӣ ва бародаркушии навбатиро дар кишвари азизи мо барангезанд. Ҳатто бо шарҳу даъватҳои худ аз ҷавонони тоҷики Бадахшонзамин исрор мекарданд, ки роҳи ҳал танҳо митингу инқилоб ва даст ба ҷиноят задан мебошад.
Ин хоину фурӯхташудаҳои наҳзатӣ аз худ ҳомии демократия, ватандӯст ва ҷонибдори сулҳу субот ҷилва медиҳанд, вале дар асл ин чеҳраи зоҳирӣ ва ниқоби мардумфиребонаи онҳо мебошад. Онҳо дар даврони ҷанги бунёдсӯзи бародаркӯш ва айни замон ҳам зидди сулҳу субот ва пояндагии давлату фарҳангу арзишҳои миллии мо буданду ҳастанд.
Ҳамин буд, ки онҳо тарафдори бо роҳи гуфтушунид ҳал шудани вазъияти Хорӯғро намехостанд ва пайваста кӯшиш доштанд, ки он митинг идома ёбад, ҷангу хунрезӣ ба вуқӯъ пайвандад ва онҳо дар хориҷи кишвар истода бо шодиву хурсандӣ тамошо кунанд.
Боиси хушнудист, ки Ҳукумати мамлакат тавонист, қазияи Хорӯғро бо роҳу воситаҳои сулҳомез ҳал намояд. Нофаҳмиву нооромиҳо пешгириву бартараф карда шуданд.
Дар ҳама ҳолату вазъият Ҳукумати кишвари мо ҷонибдори сулҳу субот ва зиндагии осудаву оромии шаҳрвандон мебошад.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда гуфтаниям, ки биёед ҳама дар якҷоягӣ аз як гиребон сар бароварда, дар ҳифзи якпорчагии кишвари худ ва оромиву ободии давлат саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки душманони миллату давлати мо ба мақсаду ниятҳои нопоки худ бирасанд. Ободии Ватан ва осудагии хонадони ҳар яки мо дар дасти худи мост.
Шомалангова М., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён