ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъати бачагона”-и шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия маҷлиси ҷамъбастӣ ҳисоботӣ доир гардид.
Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот доданд.
Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳр баромад намуда, оид ба вазифаҳои минбаъдаи ташкилотҳои ибтидоӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби бештари ҷавондухтарон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуа, аз шахсони масъули ташкилоти ибтидоӣ барои пурзӯр кардани фаъолияти ҳизбӣ дар соли нав маслиҳатҳои муфид дод.