КӮШОНИЁН. Мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занон, таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) аксияи ҳизбӣ баргузор намуданд.
Дар аксияи ҳизбӣ хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 3, 4, 7, 20 ва 68 - и ноҳия иштирок намуда, ба сокиноне, ки ба саволҳои пешниҳодшуда вобаста ба бемории мазкур ҷавобҳои дуруст доданд, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.