ҚУБОДИЁН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзи Истиқлол” вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ба иштирокчиён дар бораи электроникунонии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, кушодани саҳифаи фейсбукии ташкилоти ибтидоӣ, ба расмият даровардан ва тарзи дуруст ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки мавзӯҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад, суханронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ фаъол бошанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.