БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО СОКИНОН МУФИД АНҶОМ ЁФТ

ҚУБОДИЁН. Дирӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ба иштирокчиён дар бораи электроникунонии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, кушодани саҳифаи фейсбукии ташкилоти ибтидоӣ, ба расмият даровардан ва тарзи дуруст ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки мавзӯъҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад,  андешаронӣ намуданд. Сипас, намояндагои Кумитаи иҷроия вобаста ба масъалаҳои  муҳими ҷомеа ба  сокинон тавсияҳои судманд дода, таъкид карданд, ки  фарзандони хешро бе назорат нагузоранд ва онҳоро бештар ба илму дониш аз бар намудан талқин созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg