БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД ФИКРИ АМНИЯТУ СУБОТ ВА ФАРДОИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО ДОШТА БОШЕМ

АНДЕША.  Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон буд, ки мо соҳибистиқлол шудем ва дар фазои тинҷиву оромиву осудагӣ умр ба сар мебарем.

Имрӯзҳо, ки  вазъият дар давлати  Афғонистони ҳамсоя хеле ташфишовар аст, барои ҳамин мо бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба ҳаргуна фиребу найрангҳои душманони миллати тоҷик  дода нашавем.Мо бояд фикри амнияту субот ва фардои Тоҷикистони азизамонро дошта бошем.

Мутаассифона қазияе, ки дар Хоруғ шуда гузашт, душманони миллати тоҷик аз ин ҳодиса истифода намуда мардумро, алалхусус ҷавононро чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷа ба воситаи  шабакаҳои интернетӣ ба гирдиҳамоӣ ва бетартибӣ даъват намуда, ба ин восита мехостанд мардумро муқобили ҳукумат бархезонда  давлатро ноором созанд.

Сад афсӯс, ки имрӯз низ дар ҷомеаи мо  ҳастанд нафароне, ки ба қадри истиқлолияту ваҳдат ва тинҷиву оромии Ватан нарасида ба фиребу найрангҳои душманони миллат дода шуда ба гирдиҳамоӣ ва бетартибиҳо даст зада худро ба роҳи гумроҳӣ мебаранду ва  манфиатҳои бадхоҳону хоинони миллати тоҷикро боло аз тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистони азизамон медонанд.

Имрӯз мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ба фиребу найрангҳои хоинон ва душманони миллатамон дода нашавем ва нагузорем, ки аз хориҷа истода моро байни ҳамдигар ҷангу ҷидол андозанду ва сулҳу суботи  Ватанамонро  бо дасти худамон ноором созанд.

Дар назди қонун ҳама баробар аст, мо бояд нагузорем, ки қонуну тартибот дар ҷомеаи мо вайрон гардад, зеро ин ҳама сулҳу суботи мо ба осони ба даст наомадааст.

Барои  ҳамин мо бояд шукронаи ин сарзамин кунем. Бигзор дар Ватани  маҳбубамон ҳамеша фазои софу беғубор ва сулҳу субот бошаду мардуми шарифи сарбаланди Тоҷикистони азизамон дар тинҷиву оромӣ умр ба сар баранд.

Зафари Ёрмат,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg