БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ДАР СОЛИ 2021

ЁВОН. Бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии “Муборакқадам”-и деҳаи Дарагии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов маҷлиси ҷамъбастӣ доир карда шуд.

Дар кори маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ҳисоби ташкилоти мазкур, собиқадорон ва ҷавонон иштирок намуданд.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоӣ Холов Музаффар дар назди ҳозирин аз фаъолияти яксола дар соли 2021 ҳисобот пешниҳод намуда, иброз дошт, ки соли 2021 барои сокинони деҳа дар қатори дигар сокинони шарафманди кишварамон соли бобарор ва фаромӯшношуданӣ буд. Зеро, ки имсол мо 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ  таҷлил намудем.

Ҳамзамон намояндаи ниҳоди ноҳиявии ҳизб Расулов Ғолибҷон баромад намуда, зикр кард, ки аъзои ташкилоти ибтидоии “Муборакқадам” дар қатори дигар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия фаъол буда, дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ  фаъолона иштирок менамоянд.

Дар фарҷоми маҷлис намояндаи Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО Саидов Эмомалӣ вобаста ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба ҳозирин маълумотҳои саҳеҳ пешниҳод намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg