ЁВОН. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия конференсия зери унвони “Бемории ВИЧ/СПИД табобатнашаванда мебошад” баргузор карда шуд.
Дар рафти баргузории конференсияи мазкур намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб ва кормандони Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО иштирок намуданд. Сараввал аз ҷониби коршиносон вобаста ба пайдоиш ва аломатҳои ин беморӣ ба ҳозирин маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуда, дар қисмати дуюми ҷорабинӣ аз ҷониби хонандагони ин муассиса вобаста ба ин мавзуъ саҳнаҳои тарбиявӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.