БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ВИЧ/СПИД ХУДРО МУҲОФИЗАТ НАМО!

ЁВОН. Бахшида  ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ҷойҳои сераҳолии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон аксияи тақсимоти маводҳои таблиғотӣ гузоранида шуд.

Дар рафти баргузории аксияи мазкур волонтёрон ва кормандони маркази мазкур иштирок намуда, зиёда аз 1000 дона маводҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карда шуд.

Мақсад аз баргузории аксияи ҳизбӣ  бештар маълумоти  саҳеҳ пайдо кардани шаҳрвандон аз ин  бемории сироятӣ буда, ин амал метавонад дар пешгирии бемории мазкур кумак расонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg