БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи бузурги сиёсӣ ва муттаҳидкунандаи мардум аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мир-19” вохӯрӣ бо кормандони Идораи беҳдошти нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия  баргузор гардид.

Дар вохӯри кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён   оид ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, андешарони карда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳам овардашуда дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошанд.

Ҳамчунин, доир ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан намуда, қайд кард, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст”.

Инчунин, зимни баргузории вохурӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки дар анҷоми корҳои хайр, аёдати падару модар, шахсони пиру барҷомонда ва ятимону бепарасторон доимо камари ҳиммат баста, ба табақаҳои ниёзманди ноҳия дасти кӯмак расонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg