БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БА ИРОДАИ ҚАВИИ МАРДУМИ БАДАХШОН БОВАРИИ КОМИЛ ДОРЕМ

АНДЕША. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як қонуну карорҳое, ки аз тарафи роҳбарият кабул карда мешванд, риоя гардидани он  аз ҷониби шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. Ҳар он амале, ки  берун аз талаботҳои қонун аз ҷониби ин ё он шахс рӯи даст гирифта мешавад ҳатман, ки дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Ҳодисаи нангине, ки чан рӯзе пеш дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайваст, воқеан тамоми мардуми Тоҷикистонро нигарон намуд. Дар робита ба ин илова менамоем, ки имрӯзҳо душманону хоинони миллати куҳанбунёди тоҷик барои ноором сохтани вазъи имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол тамоми кӯшиши худро ба харҷ дода истодаанд, вале итминонамон комил аст, ки ҳеҷ гоҳ ба ин гуна ақидаю амалҳо ва мақсадҳои нопоки худ расида наметавонанд. Чун мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик имрӯз зери сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри якпорчагӣ ва сулҳу суботи комил пайваста кӯшиш менамоянд ва давлату миллати хешро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ медоранд.

Боварии комил дорем, ки  мардуми сарбаланду фарҳангсолори Бадахшон ба тафриқаандозии хоинони миллату давлати тоҷик дода нашуда, пайи сулҳу оромӣ ва созандагиҳо дар сарзамини хеш хоҳанд шуд.Чунки тамоми мушкилоти байниҳамдигариро бо роҳи суботу бародариву баробарӣ пайдо метавонем кард.

Гулрухсор Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg