ВАХШ. Ҳамасола дар ҷаҳон 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.
Ба ҳамин хотир масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо лоиҳаи нави “Рушди дастаҷамъона: Дастгирӣ намудани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҲШ) баҳри такмилдиҳии ҳуқуқҳо ва хизматрасониҳои кӯдакон ва шасхони имконияти маҳдуд дар Тоҷикистон”, ташкилоти ғайридавлатии “Эҳё ва дастгирӣ” дар якҷоягӣ бо Миссияи Шарқ, ба якчанд нафар кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва 20солагии Истиқлолияти ноҳияро аёдат намуда, ҳамзамон ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.