БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАДҲОИ ЗИШТАШОН НАМЕРАСАНД!

ВОКУНИШ. Ин шабу рӯзҳо душманони миллати мо дар хориҷа паноҳ бурда, тавассути расонаҳои интернетиашон ба монанди “Паём.нет”, “Ислоҳ.нет”, “Бомдод.ком” ва ғайра, ки аз ҷониби Иқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, М.Салимпур, Ҳусейн Ашуров, Т.Беҳрӯз ва дигарон идора карда мешаванд, бо дурӯғу туҳмат ва иғвоҳои беасос ба афкори ҷомаеи мо таъсир расонида, мехоҳанд авзои ороми кишвари моро халалдор намоянд.

Ин душманони миллат тамоми кӯшишу заҳматҳои худро дар ҳамин самт равона карда, ният доранд Тоҷикистон бори дигар ба ҳамон солҳои 90-ум кашонда шавад. Бо дурӯғу туҳматҳои пайдарпайи худ ба шахсиятҳои миллӣ ва Ҳукумати кишвар мехоҳанд, тазоҳуроту митингҳоро дар давлати мо ташкил кунанд. Дар андешаи онҳо танҳо ноором сохтани кишвари мо буда, мақсад доранд, ки бо ахборҳои дурӯғу бадбинии маҳалгароӣ ҷангу хунрезиро дар Тоҷикистон барангезанд.

Дар ҳодисаҳои Бадахшон низ дастгоҳҳои иттилоотии дурӯғу туҳматпарокании ин душманони давлати мо хеле фаъолу нақши асосӣ доштанд. Мардум аз як ҷинояткор пуштибонӣ карда, дар кӯчаву хиёбонҳо митингу тазоҳуротҳо ташкил карданд. Душманони давлати мо дар хориҷа сӯистифода намуда, бо иттилоотҳои дурӯғу туҳматҳои пайдарпайи худ дар шабакаҳои интернетӣ мардумро ба тазоҳуротҳо даъват намуданд. Ягона мақсаду ниятҳои ин хоинони миллату давлат сулҳу субот ва оромии Тоҷикистонро вайрон кардан буду халос. Хушбахтона, Ҳукумати мамлакат бохирадона амал намуда, бо роҳу гуфтушунидҳои мусолиҳатомез пеши роҳи ҳодисаҳои ғайриқонуниро гирифт ва дар натиҷа бори дигар тири бадхоҳони миллату давлат хок хӯрда, ба мақсади зишташон нарасиданд ва ҳеҷ гоҳ намерасанд.

Бобомуродов М., мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg