БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНРО БОЯД ДӮСТ ДОШТ

ВОКУНИШ. Терроризму экстремизм бо хавфу хатарҳои худ тамоми қишри ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохта, рӯзе ё моҳе нест, ки аз дасти онҳо мардуми осоиштаи дунё зарари ҷонию молӣ набинад.Чун ин афроди мардумфиреб дар симои саркардагон ва аъзои ташкилоти террористӣ собиқ Ҳизби наҳзати ислом солҳои 1992-1993  барои несту нобут сохтани миллати тоҷик, байни мардум фитна андохта,байни онҳо низоъ бардошта,бародар  бародари худро кушт.

Имрӯз мо дар даврае қарор дорем, ки ҷаҳони муосирро муноқишаҳои гуногуни миллию қавмӣ,  ҷангҳои гурӯҳӣ қувва ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун фаро гирифта,ҷони одамон арзишҳои инсондӯстӣ меҳру муҳаббат ва дигар арзишҳои рабт дошта ва инсоният дар назди ин гурӯҳҳо, бахусус ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом қиммате надорад. Аз ин рӯ моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пойдор  будани ваҳдату ягонагӣ осоишу амният ва фатҳи қуллаҳои рушдро таъмин созем.  

Дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба он,  эътимоду эътиқод парваридан ба имрӯзу фардои некаш, тайёр будану ҷонфидоӣ намудан барои ҳифзи марзу буми он, мебояд дар ниҳоди дилхоҳ шаҳрванд, ҳамчун омили ягонаи ватандӯстӣ ташаккул ёбад.

Шукр, ки имрӯз дар саросари кишварамон сулҳ ҳукмфармо аст. Аммо мутаассифона то ҳанӯз таҳдиди хатарҳо аз ҷониби иддае аз бадхоҳони давлатамон аз байн нарафтааст. Барои мо дар ин вазъ зарур аст, ки дарки масъулияти ватандориву миллатдӯстӣ дошта бошем. Барои бақои давлату миллат, ташаккули хислатҳои устувор пеш аз ҳама ҷасорат, ифтихор ва ғурури солиму миллӣ ба мо зарур аст.

Ватанро бояд дӯст дошт ва ба қадри арзишҳои миллӣ расид.

Ҳакимова Волида, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg