БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ФИТНАИ ХОИНОН БОВАР НАКУНЕД!

ВОКУНИШ. Сулҳу субот ва оромӣ яке аз дастовардҳои бузурги давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он барои бисёр кишварҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Аксар кишварҳо, хусусан давлати ҳамсояи мо - Афғонистон тӯли солҳои зиёд аст, ки дар талоши осудагӣ ва истиқлоли кишвар аст, аммо он ҳама заҳмату орзуи мардум бенатиҷа аст. Чунки идораи давлат ва танзими идеалогияи ҷавонон дар дасти хоинони миллат аст. Онҳо худро ватандӯсту сулҳпарвар нишон дода, аз дур ба сӯйи мардум санги маломату кудурат мезананд.

Ҳар фарди ватандӯсти асили кишвари мо бояд шукронаи тинҷӣ, оромӣ ва осудагии давлат кунад ва ба фитнаву дассисаи хоинони миллат дода нашавад, чунки ҳеҷ кадоми он тарафдори оромии Тоҷикистон ва мардуми мо нест.

Ҳодисаҳои нангине, ки чанд рӯз қабл дар маркази Бадахшон ба амал омад, тамоми мардуми Тоҷикистонро ба таҳлука овард, зеро Бадахшон ҳам порае аз қалби Тоҷикистон аст. Ин ҳодиса ва тазоҳурот таърихи начандон дури кишварро бори дигар ба хотир меорад, ки мардум он замон ба фиребу найранги душманони кишвар бовар карда, сулҳу субот ва оромии кишварро аз бай бурданд ва миёни ҳам дассисаву бадхоҳиро ба роҳ монданд, ки он кишвари моро фарсахҳо аз роҳи пешрафту озодӣ дур кард. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва риоя кардани қонуну тартиботи кишар ба осудагӣ ва пешрафту ободӣ хоҳем расид.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ва сохторҳои қудратӣ фаъолияти назаррас доранд. Боварии комил аст, ки ин гуна масъалаҳо бо роҳи қонунӣ ҳалли худро меёбанд ва ҳеҷ ҷинояткоре бе ҷазо нахоҳад монд.

Аз ин рӯ, ба мардуми бофарҳанги Бадахшон муроҷиат намуда, гуфтаниям, ки ҳаргиз ба дассисаву найранги душманони миллат дода нашавед ва ба сари мардуми кишвар ғаму кулфат наоред.

Умедҷони Каримхон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg