БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧУ УЗВЕ БА ДАРД ОВАРАД РӮЗГОР…

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқат инсоният новобаста аз миллату нажод, забону фарҳанг ва дину ойин узви ҷудонашавандаи як пайкаранд ва ба миён омадани нооромиву ноамнӣ дар дилхоҳ минтақаи ҷаҳон боиси нигаронии ҳар як сокини солимфикр ва сулҳпарвари сайёра мегардад.

Махсусан, агар ин нооромӣ ва тафриқаандозӣ дар байни намояндагони як миллату фарҳанг бошад. Ба миён омадани вазъи ноором дар вилояти Бадахшон тайи чанд рӯзи охир тамоми мардуми кишварро ба ташвиш андохтааст. Бо вуҷуди дар фазои амну осоишта ва дӯстию бародарӣ ба сар бурдани сокинони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ имрӯз ҳам ҳастанд тафриқаандозоне, ки бо истифода аз кӯчактарин фурсат мехоҳанд дар байни мардум фитна ангехта, фазои ороми кишварро халалдор созанд. Ҳамагон аз таҷрибаи талхи солҳои авали соҳибистиқлолӣ огоҳ ҳастем, ки «..моро ба дасти мо задан ойини душманҳои мост...». Пас барои ҳимояи худу кишвари худ ва дӯстии ҷудоинопазири мардуми кишвар моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, андешаи солимро ба кор барем.

Мардуми сарбаланду равшанфикри Бадахшон дар ҳама давру замон соҳиби фарҳанг ва маданияти баланди муносибату муошират буда, бо самимияту муҳаббати хоси кӯҳистонии  худ фарқкунанда буданду ҳастанд.

Итиминон дорем, ки андешаи солими мардуми диловари Бадахшон ғолиб омада, нооромиҳои бавуҷудомада, дар наздиктарин муҳлат ҳалли мусбии худро ёфта, сокинон ба ҳаёти осоиштаи худ бармегарданд.

Ҷалилова С.,  муовини раиси КИ ҲХДТ Дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg