БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯГОН МУШКИЛӢ БО РОҲИ ҶАНГУ ЗӮРОВАРӢ ҲАЛЛИ ХУДРО НАМЕЁБАД

ВОКУНИШ. Дар баробари соҳибистиқлол будани кишварамон баъзан "инсонҳо" -  еро вомехӯрем, ки аз ин тинҷиву оромӣ ношукрӣ карда дар ҳақи ватану миллат суханҳои қабеҳ мегӯянд. Гурӯҳҳои мухолифин ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсати имрӯзаи моро танқиду таҳқир намуда, ҷавононро ба ҷангу шӯриш даъват менамоянд.

Аз вазъиятие, ки чанд рӯз пеш дар Бадахшон рух дода буд, ҷангҷӯён табли шодӣ дар даст мардумро ба шӯришу ҷанг дар муқобили ҳукумат шӯронида, оромиро дар ин минтақа аз байн бурдан мехостанд.

Хушбахтона, тирашон хок хӯрд. Мардуми босаводу бофарҳанги Бадахшон худашон дарк карданд, ки ягон мушкилӣ бо роҳи ҷангу зӯроварӣ ҳалли худро намеёбад.

Ҳамсоякишвари мо мардуми Афғонистон 40 сол боз меҷангад, вале то ҳол на соҳиби сулҳанду на соҳиби оромӣ. Мардуми тоҷик бояд  шукронаи тинҷиву оромии кишварро кунанд. Давлати мо дигар сазовори таҳқиру суханҳои қабеҳ нест, зеро ин қадар пешрафт, ин қадар оромӣ, ин қадар озодӣ дар давоми 30 сол ба даст овардан кори саҳл нест. 

Даврони ду сол  пеш аз истиқлолиятро модарам нақл мекунанд, ба чи сахтиҳое рӯз мегузаронидаанд, вале мо бояд шукронаи истиқлол, шукронаи Пешвои миллат, шукронаи лабханди кӯдаконро дар канори гарми модару дар фазои сулҳу ваҳдат карда, ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар обод намудани ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Назокат Солеҳова, мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg