БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии Ватан аз ободии хонаву маҳаллаамон оғоз мешавад!

ЁВОН. Чанде қабл бо иштироки аҳли заҳмати деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон муовини раиси ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Ҳомилов Амираҳтам  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби М.Солиҳов намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯйю заҳбурҳо, сафед кардани девору атрофи манзилҳои истиқоматӣ, иштирок ва саҳм гузоштан дар созандагию ободонӣ, тарбияи дурусти фарзандон, тарғиби арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, аз ҷониби М.Солиҳов оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла ВИЧ/СПИД, роҳҳои гузариши он, пешгирии аз паҳншавии ин бемориҳо, пешгирии таваллуд дар хона суханронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg