БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОНДОРИСТ

АНДЕША. Ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва тазоҳуроти ғайриқонунии мардум  дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайи чанд рӯзи охир назари  тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳодисоти кишвари мо банд сохт. Гурӯҳе бо назарсанҷӣ ин ҳодисаҳои ногуворро дар партави дахолати гурӯҳҳои даҳшатафкани он тарафи Омӯ маънидод мекарду гурӯҳи дигар аз танишҳои манфиатбори гурӯҳҳои ҷиноятии дохили кишвар. Шояд дар ин ҳаводис гурӯҳҳои болозикр барои ҳифзи манфиату меҳтарсолорӣ то ҷое дар ноором намудани вазъ дар ин минтақаи дурдасту стратегӣ нақш доштанд ва тибқи  маълумоти сохторҳои қудратӣ эҳсос мешавад, ки  ҳамоно гурӯҳҳои мафиозӣ дар Бадахшон фаъоланд ва ҷойи риояи қонун онҳо ҳамеша аз роҳи зӯрӣ дар ин масир кору амал мекунанд. Пиёда сохтани амалиёти дастгирсозии ҷинояткорон, ки фаъолияту амали худро аз  қонунгузории амалкунанда боло медонистанд, барои ба майдон баровардани дигар сокинони то ҷое аз ҳолати аслии воқеа бехабар дастаки сиёсӣ шуд.

Дар баробари ин, гурӯҳҳои террористию экстремистии аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу фиребхӯрда дар хориҷ аз мамлакат, бахусус кишварҳои аврупоӣ ба қавле ба оташи фурӯзони бадхоҳон дар ин минтақа намакоб мерехтанд. Ба ҷойи он ки ба масъалаи якпорчагии кишварамон бояд ҳама аз сари таҳаммулу якдигарфаҳмӣ амал  мекарданд, баръакс мардумро ба ҷангу тавтеа, бадбинию идомаи ноамнию нооромӣ таҳрик месохтанд. Зеро ин асолатбохтаҳо ҳавасманди нооромиҳо дар кишвари мо буда, мехостанд бо ҳар роҳу восита бо ноором кардани вазъият назди хоҷагони хориҷиашон саги вафодор буданашонро собит созанд.

Воқеан, ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Зеро дур мондани ҷинояткор аз ҷавобгарӣ хоҳу нохоҳ ҳаёти осоиштаи дигар сокинонро дер ё зуд халалдор месозад.

Вобаста ба ҳолати бамамаломада, албатта имрӯз сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин минтақаи дурдасти кишварамон фаъолият дошта, дер ё зуд мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд. Муҳим барои ҳар як сокини кишвар ин ки хиради азалии мардуми мо боло гирифта,  дар охир ҳама ба хотири оромию осоиштагии кишвари маҳбубамон -Тоҷикистон ба ҳам омаданд. Ва якдигарфаҳмию акдилии мардум чун устухон дар гулӯи бадхоҳони миллат, ки ҷор аз табаддулоту танишҳои митақавӣ мезаданд, ба таври ҳамешагӣ боқӣ монд. Маврид ба зикр аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷузъи ҷудонашвандаи Тоҷикистон аст ва дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Ба қадри ободию ободкориҳо расидан барои ҳар як сокини ин минтақаи кишварамон қарзи виҷдонист.

Бинобар ин, расидан ба қадри ин ҳама ободкориҳою пешравиҳои назаррас ва дар зери парчами сулҳу ваҳдат осудаҳолона зиндагӣ кардан вазифа ва масъулияти бузурги ватансозист.

Ба ин назарем, ки аҳолии осоиштаи Бадахшон минбаъд ба фиребу найрангҳои гурӯҳҳои манфиатдор дода нашуда, барои оромию осудагии хонаводаю маҳалли худ аз сари сидқу вафо кору амал карда, дар пешрафту шукуфоҳии кишварамон саҳми назаррас хоҳанд гузошт. 

Т.Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg