БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКРОНА АЗ ДАВЛАТУ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТИ ХЕШ КУНЕД!

ВОКУНИШ. Чуноне аз тариқи расонаҳои ҳабарӣ огаҳӣ дорем 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилояти кишварамон теъдоди мардум гирди ҳам омада тазоҳурот барпо намуданд.

Албатта, равшану айён аст, ки дар паси ин гирдиҳамоӣ бадхоҳону номардоне, ҳастанд, ки аз ободию осоиштагии ин миллати соҳибистиқлол ҳасад бурда, бо ҳар роҳу восита мардумро ба низо андохтан, равона месозанд. Барои ба нақшаҳои нопоки худ расидан ба кадом корҳое, даст намезанад ва аз он ҳадде, ки барояшон дар доираи қонунҳои амалкунанда муҳайё гардидааст, мебароянд. Чуноне ки мефармоянд:

Аз андоза бартар манеҳ пойи хеш,
Хирадро нигаҳ дор бар
ҷои хеш!
Чу бархез
ӣ аз хобгаҳ бомдод,
Ба худ дарнигар, то чи-т ояд ба ёд!
Чу аз пойгаҳ пой бартар ниҳ
ӣ,
Шавад номи ту зишт дар аблаҳ
ӣ!
Маро панд додаст марди ҳаким,
Ки поят фузунтар макаш аз гилем!

 Албатта, ҳар амалу кореро, ки мо анҷом медиҳем як ҳадди ниҳоии худро дорад. Маҳз чунин нофаҳмию низоандозӣ шурӯъи амалҳои нопоки гурӯҳҳои солҳои 90-ум буд, ки тамоми миллати тоҷикро сарсону саргардон, ҳазорон фарзандро бепадар, ҳазорон хонаҳоро валангор ва садҳо ҳазор модаронро дар фироқи фарзандони худ нобуд сохта иқтисодиёт ва пешрафти Тоҷикистонро ба садсолаҳо ақиб кард.

Аз ин лиҳоз, ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуки Тоҷикистон аз мардуми сарбаланду дар домани кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон, ки дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номаш мебаранд даъват ба амал меорам, ки ба дассисаҳои ин гурӯҳҳои мақсади нопокдошта дода нашуда, баҳри ҳифзу ҳимояи ваҳдату якпорчагӣ ва ҳимояи марзу буми ин ватани  аҷдодӣ камари ҳиммат баста, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар Тоҷикистони азиз сулҳу суботи сартосарӣ ҳукмфармо бошад. Биёед ба хотири оромии давлату миллати худ, барои пос доштани нангу номуси миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба бузургони гузаштаи хеш, ки баҳри ба даст овардани сулҳу субот барои мо ҷонбозиҳо намудаанд, сабру  таҳаммул намуда, худро бозичаи дасти душманони миллат, наҳзатиҳои ватанфурӯш ва расонаҳои иғвоангез накунем. Шукрона аз ин давлат, аз ин сарзамин  ва муттаҳидии  миллати хеш дошта бошем.

Касе, к-ў бувад аз мусолиҳ гурез,
Ба худ бо тани хеш ҷўяд ситез!
Чунин гуфт мўъбад , ки ҷанги касон
Табаҳ кард бояд ба ширин забон!

Мирзобаротзода С.,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg