БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОНЕ, КИ БА МИЛЛАТИ ХУД ХИЁНАТ МЕКУНАД, НОДОНЕСТ, КИ МОДАРИ ХУДРО БА ДУШМАН МЕФУРӮШАД

ВОКУНИШ. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо шарофату заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаву хиради волои мардуми сарбалани кишвар рӯз ба рӯз рушд карда истодааст. Аммо боиси таассуф аст, ки на ҳама аз ин ободиву пешрафт қаноатманд мебошанд. Гурӯҳи шахсон хориҷ аз кишвар аз номи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ниқоб истифода бурда ба сӯи миллату давлат санг мепартоянд ва аз ин пешрафту тараққиёти миллат изҳори нодидагӣ мекунанд. Ҷавонони ноогаҳу торикбинро ба сӯйи худ ҷалб месозанд ва барои пиёда сохтани ҳадафҳои пардапӯшу нопоки худ онҳоро истифода намуда, бар зидди давлату ҳукумат мешӯронанд.

Ашадитарини чунин ташкилоту гурӯҳҳо - ин ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 мебошанд. Алббата на ҳама шаҳрвандони кишварамон хоса насли ҷавон аз таърихи ин ҳизбу ҳаракатҳо ва идеологияву мақсадҳои онҳо огоҳӣ доранд.

Агар ба таърихи фаъолияти ташкилоти террористиву – экстреимистии ҲНИ назар афканем аз соли таъсисёбияш, яъне аз соли 1973, ки дар совхози Туркманистони ноҳияи Вахш таъсис ёфта буд аз он вақт то инҷониб вобаста аз мавқеъият ва шароит, се маротиба ҳуввияти мазҳабияшонро ба мисли «ранги хамелион» иваз намудаанд. Сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1997, ки ҳазорҳо хонаҳо сӯхтаву валангор шуда ва ҳазорҳо кӯдакон ятим монданд, маҳз Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ мебошад.

Дар муддати ҳафт соли ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки тарроҳ ва ташкилкунандагони асосииаш маҳз гурӯҳҳои мухолифин буд, аз ҷанги тӯлонӣ хаста шуда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пофишории давлатҳои дӯсту бародар ва ташкилотҳои байналмилалӣ сари миз бо ҳукумат нишастанд ва 28 – уми июни соли 1997 шартномаи Истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллиро имзо гузоштанд.

Баъди ба имзорасии шартномаи Сулҳ, ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ дар асоси шартномаи 30% ба мақомҳои роҳбарии давлатӣ ва Парлумон роҳ ёфтанд. Барои роҳбарияти мухолифин он маблағе, ки Ҳукумат ба онҳо дода буд, кифоя накарданд ва боз хоҷаи нави хориҷӣ пайдо намуда ба Тоҷикистон боз мазҳаби Салафияро ворид карда пайравии он шуданд. Бинед барои мухолифони кишвар хоҷаи хориҷӣ мисли рӯшноии офтоб аст. Ҳангоме, ки рӯшноии офтоб кам ё зиёд шавад «Хамелион» зуд рангашро тағйир медиҳад. Ҳизби террористии наҳзати исломӣ низ ба мисли ранги Хамелион, ҳар вақт, ки хоҷаи нави хориҷӣ пайдо шуд ва ҳарчӣ, ки он гуфт зуд иҷро кард, яъне супориши ивази мазҳаб шуд аъзои гурӯҳҳои мухолиф мазҳабашонро боз дигар карданд. Ин аст дину имон ва асолаташон!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири тозаву покиза нигоҳ доштани эътиқоди мазҳабии мардуми мусалмони Тоҷикистон, аз мазҳабу ҳаракат ва равияҳои ифлосу характери террористӣ - экстремистӣ дошта ба мисли Салафияву Ваҳобия, Ҳизб-ут-таҳрир, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ал-қоида, ДОИШ ва ғайраҳо эмин доштани мардум, маҳз  соли 2009 – ро соли бузургдошти 1310 Имоми Аъзам, асосгузори мазҳаби «Ҳанафия» эълон намуда, дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтанд! 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳо таҳаммул ва кӯшишҳои зиёд намуд, ки гурӯҳҳои мухолифро дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро танзим намояд, вале нашуд, ки нашуд. Хиёнаткорон ҳар куҷое, ки бошанд боз хиёнаташноро мекунанд. Ташкилоти террористии ҲНИ бо роҳи силоҳ борҳо кӯшиши табаддулоти далватиро намуд, борҳо мехост сохти Конститутсиониро вайрон намояд, борҳо ба ин давлат ба ин миллат хиёнат кард, хушбахтона боре ҳам комёб нагардид. Дар урфият гуфтаанд, «Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад», вале ин хуксифатон бо хуни – ин миллат, бо хуни фарзандони бе падару модармондаи тоҷик ва бо хуни мӯйсафедони солхӯрда заминҳоро пур намуданд. Бо ин қадар хунрезӣ аз хуни – ин миллат сер нашуда боз 4 – уми сентябри соли 2015 бо роҳбарии Кабирӣ ва Ҳоҷиҳалим Назарзода кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуданд. Аз рӯи сенарияе, ки дар вақташ барои собиқ Президенти Тоҷикистон шодравон Раҳмон Набиев амалӣ намуда буданд, мехостанд боз онро истифода намоянд, вале ҳадафи нопоку ноҷавонмардонаи ин хуксифатону каҷтинатон амалӣ нагардид ва дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва фарзандони ба ору номус ва далеру шуҷои Ватан маҳв карда шуданд. Чун дигар сабру тоқат ва таҳаммули ин миллат ба поён расид, вақташ расида буд, ки ҳатто изи пойи ин хиёнаткоронро аз ин сарзамин ва аз ин Ватан пок кунанд. Хушбахтона фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии кишвар аз 29-09-2015 расман манъ карда шуда, ҳамчунин, ҳизби террористӣ экстремистӣ эълон карда шуд.

Онҳо фаромўш карда буданд, ки давлати имрӯзаи Тоҷикистон, дигар он Тоҷикистони даврони аввали Истилолият нест, мо имрўз иттиҳодем, ароқу аслиҳа дорем, якдилу як забонем ва дар гирди Пешвои миллат сарҷамъем, дигар ҳеҷ қувваи бадхоҳе наметавонад моро шикаст диҳад! 

Тағайзода Рустам,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg