ЛЕВАКАНТ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ободу зебо гардонидан ва истироҳату фароғатии шаҳрвандони шаҳр дар боғи фарҳангии шаҳр ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.
Дар шанбегӣ кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо дили гарму шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар, атрофи қитъаи замини вобастгардидаро аз алафу партовҳо тоза намуданд.
Боиси зикр аст, ки чунин шанбегӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона, корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста гузаронида мешаванд.