БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш оид ба шоҳи одил Нӯшервон ва вазири хирадманди ў Бузургмеҳр маълумот дода, дар абёти равоне мазмуни зеринро дарҷ кардааст:  «Дарахте, ки дар ҷаҳон пойдор аст ва ҳосили он ҳамаро нофеъ бувад, дарахти хирад аст. Нахустин меваи ин дарахт дили инсон аст, ки шахсро ба олами нузҳату накўӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят мекунад. Инсони хирадманд ба халқ хидмат карданро рисолати худ медонад, ки ин арзиши олӣ ва беҳамтост».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихие ҳастанд, ки барҳақ, дил ва шуурашон мамлўъ аз хирад аст. Хирадмандӣ, такя ба нерўи тавонои халқ, шуҷоату далерӣ, олиҳиммативу баландназарӣ ва дар айни замон фурўтанию хоксории ин фарзанди номдори халқ миллати соҳибдилеро ба худаш шиносонд ва Тоҷикистони моро ҳамчун давлати қудратманду сулҳпарвар ба аҳли олам муаррифӣ кард.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон таҷрибаи беназири меъмории сулҳ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон вирди забонҳост. Ин таҷриба мавзӯи маърӯзаҳо ва суханрониҳо дар конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ шудааст.

«Музокироти сулҳовари Эмомалӣ Раҳмон бояд намунаи ибрат бошанд», — эътироф намудааст Конфронси байналмилалӣ, ки аз тарафи Институти бритониёӣ оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ дар мавзӯи “Оё низои маҳаллӣ ба ҷанги минтақавӣ мубаддал намешавад?” роҳандозӣ шуда буд.

«Музокироти сулҳи тоҷикон сазовори омӯзишу таҳқиқ аст.» — ба чунин андеша расиданд иштирокчиёни конфронси «Ислом ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ», ки онро созмони «Симера»-и Швейтсария доир карда буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсияти миқёси ҷаҳонӣ дар таърихи миллати тоҷик мебошанд. Сарвари давлат ибораи зеринро дӯст медоранд ва ҳар гоҳ дар мавридҳои мувофиқ онро ба забон меоваранд: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад». Формулаи сулҳи тоҷикон маҳз ба Пешвои миллат мутааллиқ аст.

Дар тӯли 30 соли Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шуданд ва воқеан пойдевори Тоҷикистони навинро, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, гузоштанд.

Тафаккури стратегӣ, қобилияти пешбинии раванди ҳаводис, сиёсати дурандешона ва озмудашудаи Сарвари давлат, ки рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин намудаанд, Эмомалӣ Раҳмонро ба сафи сиёсатмадорони оқил ва боистеъдоди ҷаҳон ворид намуданд.

Истиқлол барои сарҷамъию ваҳдат ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб шароити созгор фароҳам овард ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҳамагонро таҳким бахшид. Ба андешаи шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ «Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд».

Масъалаи сарвар, сарварӣ ва пешво аз замонҳои қадим диққати мутафаккиронро ба худ ҷалб намудааст. Масалан, файласуфи Юнони Қадим Арасту ба масъалаи сарварӣ диққати махсус дода, дар ин мавзӯъ асаре бо номи «Сиёсат» таълиф кардааст.

Ӯ дар асари мазкур доир ба моҳият ва хусусиятҳои давлат, аломатҳо ва мақомоти махсуси онҳо андешаронӣ намуда, нақши хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбиро дар ташаккули давлатдорӣ дар мадди аввал мегузорад.

Мутафаккири Шарқ Абўнасри Форобӣ дар бораи бунёди ҷомеаи идеалии «мадинаи фозила» сухан ронда, андешаҳои сиёсиашро баррасӣ намудааст. Дар саромади «мадинаи фозила» подшоҳон истодаанд. Ба ақидаи Форобӣ подшоҳ, ки худ донишманд ва хирадманд аст, аҳли ҷомеаро аз паси худ мебарад.

Вобаста ба ташаккули давлати навини тоҷикон андешаронӣ карда, мехоҳам нуқтаи муҳимеро ёдовар созам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба бўҳрони шадид мувоҷеҳ шуда буд. Он замон мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гашта буд.

Дар он лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки воқеан тафаккури миллӣ дошта бошад ва барои сулҳу Ваҳдат ҷони худро дареғ надорад.

Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад.

Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.

Аввалин даъват дар нахустин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшиданд.

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда доранд, бо равшанӣ маълум гашт, ки он кас дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдоранд. Ҳамин сифатҳои олии фитрӣ боис гаштанд, ки халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешво пазируфт.

Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир, ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додаанд. Он кас аз рўзҳои аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданашон роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медиданд ва барои амалӣ кардани ин нақшаҳо шахсан саъю талош меварзиданд.

Ин нуқта дар муроҷиатномаи он кас «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12-уми декабри соли 1992 хеле хуб зикр ёфтааст: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Пешвои миллат кори давлатдориро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз карданд. Ба вуҷуди ҳама мушкилот, соли 1999 дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии тоҷикон буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.

Корнамоии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар радифи собиқ президенти ИМА Франклин Делано Рузвелт ва сарвазири Англия Уинстон Черчилл, Сарвари собиқи СССР Иосиф Сталин гузоштан мумкин аст, ки оламро аз бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ раҳонида, аз хатари таҷовузи Германияи фашистӣ наҷот доданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар назди Давлати навини миллии мо меистод, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Дар ин масъала Пешвои муаззами мо давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд. Воқеан, таҳти роҳбарии он кас назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Зиндаву ҷовид бод, он ном ва корнамоиҳои абармарди дунёи сиёсат, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Саёҳат Абдуллозода, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg