БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТУ ЯКДИЛӢ МАРОМИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад. (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)

Бале Ҷанобии Олӣ, мо ҳама якҷоя таҳти сарварии Шумо Тоҷикистони ҷононамонро обод мукунем ва хушбахтона дар он зиндагӣ мекунем.

Аммо душманони миллату давлатамон чӣ кор мекарда бошад?   30 сол мешавад, ки ба ободгароӣ дар давлати соҳитбистиқлоламон машғул ҳастем. Миллати тоҷик воқеан ҳам имрӯз хушбахт аст. Аз тафаккури мардум хунрезиҳои аъзони гурӯҳҳои мухолиф ҳанӯз нарафтаанд, лекин ҳоло ҳам гурӯҳҳои мухолиф дубора Тоҷикистонро ба инқилоб ва ҷангҳои хунин  кашиданӣ ҳастанд. Охир ин фоҳишаҳои дар сиёсат худро гум карда тасаввур карда наметавонанд, ки дар саросари Тоҷикистон дигар касе аз паси ин палидҳо нахоҳад рафт.

Мо наси ҷавони даврони соҳибистиқлол хоҳони сулҳу суботи саросарии кишвар мебошем. Ва ин ҳодисаҳое, ки дар шаҳри Хоруғ рух дода истодаанд, барои хоинони миллати тоҷик айни мудао шудааст, ки ҳамарӯзадар бораи  ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоии худ бо бофтани чанд дарӯғу туҳмат барномасозӣ намуда, миллати тоҷикро мехоҳанд ба давраҳои солҳои 90 –уми асри гузашта бар гардонанд. Аммо миллате, чунин як давраи ҳассоси зиндагиро аз сар гузаронид, ҳаргиз ба суханони чунин як гурӯҳи ифротӣ гӯш намедиҳанд. Мардуми тоҷик ва махсусан ҷавонони кишвар хоҳони сулҳу оромӣ буда, барои расидан ба орзуву ормонҳои худ талош меварзем.

Тураев Рустам, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg