БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАХОҲАНД РАСИД

АНДЕША. Ба ҳамагон возеҳ аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди тамоюли вусъатёбии беҳаду марзи ҷангҳои иттилоотӣ қарор дорад  ва имрӯзҳо мардуми сарбаланди Хоруғ ва фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдеро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз гурӯҳҳои ифротагарову тундгароӣ   дар ҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд, ки имрӯзҳо Тоҷикистони маҳбуби мо бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун гул мешукуфад.

Дарвоқеъ, ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чунки чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум пеш аз ҳама манфиату дастовардҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст. Гурӯҳҳои террористон гумон доранд, ки боз бо роҳҳои мардумфиребӣ ватани моро ба коми худ мекашанд, аммо ҷавонмардони мо нигаҳдорандаи хоки аҷдодӣ ба ин гурӯҳҳои манфиатҷӯй роҳ намедиҳанд, ки ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Ба мардуми баору номуси шаҳри Хоруғ гуфтанием, ки ба доми фиребу найранги ин қаллобон бовар накунед.

Б. Хайруллозода, мудири шуъбаи таблиғот ва  иттилооти   КИ  ҲХДТ дар шаҳри Норак                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg