ДАНҒАРА. Дар доираи баргузории маҷлиси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара таъкид гардид, ки зимни суҳбату вохӯриҳо ба аҳолии ноҳия моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳбуди бахшидан ба шароити зиндагии шоистаи мардум, ободонӣ зебосозии ҷамоатҳои деҳот ва маҳалаҳои аҳолинишин, диққати зарурӣ додан ба сифати маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, тақлид ва рӯ наовардан ба фарҳанг ва сару либосӣ бегона барраси карда шуд.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки дар ҳар як маҳалаҳои аҳолинишин ва деҳаҳои дурдасти ноҳия ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва бо ҷалби бошандагони маҳал таъсис дода шавад.