ВАХШ. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Камолов Сафаралӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ "Миробод" бо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии "Миробод" ба муносибати 21-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ҳамчун санади таърихӣ барои таҳкими пояҳои Истиқлолияту ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар мусоидат кардааст, дар мавзӯъи «Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст, Камолов Сафаралӣ қайд намуд, ки танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро таъмин карда метавонем.Бояд ёдовар гардид, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миилӣ ба имзо расид, ки ин дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, насли оянда онро чун як дастоварди беназир бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул кардаанд.
Инчунин, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти суханрониҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони кишвар ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба дарки ҷомеа расонида шуд.