БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ ЗИШТИ ХОИНОНРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Тазоҳуроте, ки  дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  шаҳри Хоруғ,  ки рӯзҳои  25-уми ноябр то 28-уми ноябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст,  ҳеҷ як фарди бедордилро бетараф гузошта наметавонад. Аз ҷумла мо низ нисбати ин қазия бетараф набуда, тазоҳуроти  ғайриқонунӣ ва бепояву  беасосро амали авбошона ва зидди манфиатҳо, ормонҳо ва  арзишҳои миллӣ дониста,  қотеъона маҳкум менамоем.

Чуноне,  ки мо медонем ва  маълум аст  ҳар як кирдору рафтор  чӣ нек  бошад ва ё чӣ бад албатта, ки  бо нақшаи таҳрезишудаи пешакӣ ба амал бароварда мешавад. Зеро, ки то ҷое маълум аст дар замони муосир абарқудратҳову гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз чунин ҷойҳои зафъи мардум моҳирона истифода намуда, бо ҳар роҳу васила мехоҳанд, ки нақшаҳои муғризонаи хешро дар ин ё дигар минтақа  амалӣ созанд. Дар замони муосир мо шоҳиди аз байнравӣ, тақсимшавии якчанд давлатҳои сайёраро  ба давлатчаҳои хурду миёна мушоҳида намудаем, ки бо сабаби  ҷаҳонишавӣ ва рӯ ба рӯ гардиданашон ба механизмҳои норӯшани глобализатсия дар  ҳолати ясъу ноумедӣ қарор гирифтаанд.

Аз ин рӯ мо сокинони мамлакатро мебояд, ки дар атрофи сиёсати инсонпарваронаи Роҳбари давлат, Пешвои муаззами ҳизбу миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  якдилона муттаҳид гардида, ҳамовозу аз як гиребон сар барорем. Меҳру муҳаббати Ватану ватанпарвариро дар ниҳодамон беолоиш нигаҳдорӣ намоем. Манфиатҳои давлативу миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ волотар гузорем. Сулҳу осоиштагиро пайваста тарғибу ташвиқ намуда, баҳри расидан ба хушбахтию саодати рӯзгори хеш пайваста талош намоем. Зеро ки азизтарин ва муқаддастарин пайроҳаи расидан ба комёбиҳо ва пирӯзиҳои нав ба нав дар пояи сулҳу Ваҳдати миллӣ сабзиш меёбанд.

Мавриди зикри хос аст, ки сулҳу суботи мо тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст. Чи қадар олимон, донишмандон, мардони шуҷои Ватан ва сокинони осоишта  қурбонии нобасомониҳои солҳои 90-уми қарни 20 гаштаанд.Таърихи миллат баргаштан ба ин рӯзҳои сахту сангинро дигарбора намехоҳад.

Аз ин рӯ, тазоҳуроти рӯзҳои ахири Бадахшон натанҳо барои мо, балки барои кулли тоҷику тоҷикистониён дардноку аламовар аст, зеро  то ба ҳол дар ҷомеаи мо ҳастанд бегонапарастону ашхосе, ки манфиатҳои шахсиву гурӯҳиашонро аз манфиатҳои давлативу миллӣ боло мегузоранд. Ба  ҳамагон равшан   аст, ки дар паси пардаи чунин амалкардҳо абарқудратҳову гурӯҳҳои муғриз истодаанд.

Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон пайваста ҳушёриву  зиракии сиёсиро таъкид месозанд.

Мо сокинон ҳамеша бояд аз чунин амалҳои зиддиқонуниву зиддиинсонӣ канор гирифта, ҷавононро дар ростои миллатдӯстиву ватанпарварӣ мунтаззам тарбия намоем.

Неъматов Абдуҷаббор, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg