БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ХАТАРИ ҶИДДӢ ЭҶОД МЕКУНАД

ВОКУНИШ. Воқеан ҷомеаи ҷахониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Аз нуқтаи назари олимону муҳаққиқон ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Аз рӯи маълумот гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизб-уллоҳ», «Ал-қоида», «Боко Ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом баҳри татбиқи ҳадафҳои нолоиқи худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан, барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд.

Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардаҳои ин гурӯҳҳои ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо исломи асилу ноб ҳеҷ рабте надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки ин гурӯҳҳои ифротӣ хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.

Мо ҳамеша ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум месозем. Инчунин, барои хифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмамдонаю бунёдкоронаи Президенти мамлакатро дастгирӣ мекунем.

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин Вахдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон cap бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат бо афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Зайдуллоев Муҳамадxон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg