БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНРО ДӮСТ ДОРЕД!

АНДЕША. Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати халқҳо мебошад. Бинобар ҳамин, мо бояд дар замири худ  меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш намоем.

Мафҳуми Ватан чун мафҳумҳои дигар як чизи сокиту шахшуда нест, балки инкишоф меёбад. Инсон халқи худ ва меҳани худро шинохта, худро мешиносад, худро ҳамчун ҳиссаи халқ дарк мекунад. Муҳаббати Ватан бидуни муҳаббат ба забони модарӣ берун аз имкон аст. Муҳаббати Ватан дар замири мо зиёдтар мегардад. Солҳои гузаштаро назар мекунаму ба андеша меравам. Асоситарин мушкили кори ман ин аст, ки мехоҳам дар дили ҳамватанон ҳисси ватандӯстиро бедор намоям, то ки Ватан, қудрати он, бузургиву шуҳрати он, чун чеҳраи модари меҳрубону падари ғамхор пойдор ва устувор гардад.

Ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофиқат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ, ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Мирзо Турсунзода дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст. Ба воситаи образҳои Қодир ва Микола ҷавонони ватандӯсти миллати тоҷику Украинаро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир намудааст.

Ватанро танҳо касе бо чашми ватанпарварӣ дида метавонад, ки бо тамоми ҳастӣ онро дӯст медорад, бо нооромиаш озор мекашад, бо бемориаш бемор мешавад. Ба андешаи мо наҷибтарин ва муқаддастарин эҳсос барои ҳар инсон эҳсоси ватанпарастӣ аст, ки зодгоҳи аслиаш домони хонавода аст. Пас аз хонавода муаллимон ҳастанд, ки дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстиро бедор менамоянд. Маҳз мактаб аст, ки ба ин калима маънои тоза, тафсирҳои тоза зам мекунад. Ба шогирдон меомӯзонад, ки ватандӯстӣ танҳо иборат аз ҳифзи Ватан дар набардҳо нест, балки майдону арсаи ватандӯстӣ фарроху пурдоман аст. Инсони ҳақиқӣ касест, ки барои хушбахтии одамон талош мекунад ва омода аст тамоми нерӯи худ, вуҷуди худро баҳри он бубахшад.

Раҳимова Маъмурбӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg