ВОКУНИШ. Бесарусомониҳои рӯзҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдода ягон тоҷики дохилу бурунмарзиро бетавофут гузошта наметавонад. Дар ҳоле, ки ҳодиса дар дохили Тоҷикистон баамал омадааст. Дар тинҷиву оромии Ватани азизу маҳбуби мо тоҷикон нақши ҷавонон бениҳоят бузург аст.
Агар як ҷавон дар ҷомеаи ҳозира зиндагӣ намояду дар мавриди фаъолияти сиёсӣ чизе надонад ё дар мавриди таъсир гузоштан ба ҳаёти сиёсии ҷомеа нақши худро иҷро карда натавонад аз ин бармеояд, ки мутаассифона ин ҷавон барои ояндаи худаш бефарқ ё бетараф аст.
Мо имрӯз шоҳид хастем зиёд ҳастанд ҷавононе, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бохабаранду арҷгузор ҳастанд, дастгирӣ мекунанд ва шахсан мехоҳанд дар пешрафти ватани худ сидқан саҳмгузор бошанд ва мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа маълум кунанд.
Хоҳу нохоҳ дар ҳар гӯшаву канори дунё, ба хусус кишвари мо низ ҳастанд якчанд одамоне, ки бо кӯрдилӣ ва бешарафии худ мехоҳад ба мисли худ ноҷавонмардони беномусро дар ноором сохтани вазъи ҷомеа ба шӯр оварда, вазъиятро нотинҷ гардоданд ва аз ин амали нангинашон лаззат баранд. Ҷавонон бояд ҳаминро донанд, ки барои амалӣ сохтани мақсаду мароми нек албатта тинҷиву оромии давлату миллат нақши калидӣ дорад. Ба воситаи ҷангу ҷидол ва иғвоангезиву бесарусомонӣ давлат пешрафт намекунад. Инро дар мисоли рӯшани ҳамсоядавлати мо бармало дидан мумкин аст.
Хулоса ҷавонони боҳушу бонанги тоҷик ин кирдори ноҷавонмардонаро ҳеҷ гоҳ дастгирӣ нахоҳанд кард ва ба воситаи минбарҳои баланд баромад намуда, амалу низоъҳои пучу бемаънии ин гурӯҳҳои кӯчакро қотеъона маҳкум менамоянд.
М.Сунатуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин