ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ориёнбонк" маҷлиси ҷамъбастӣ барои соли 2021 баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур дар борои фаъолият дар соли 2021 шунида шуда, сипас қарорҳои лозимаро қабул намуданд.
Баромадкунандагон дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ», вазъи сиёсии ҷаҳон, изҳори андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуданд.