БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАДАХШОН - ҲАРГИЗ ҶОНИБДОРИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ НЕСТАНД

ВОКУНИШ. Мардуми сарбаланди Бадахшон, сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо муроҷиат намуда, амалҳои навбатии душманони миллатро, ки дастовардҳои ҷумҳуриро нотавонбинӣ намуда,  мехоҳанд дигарбора ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги байниҳамдигари барангезанд, маҳкум мекунем.

Амали навбатӣ аз тарафи ташкилотҳои террористӣ – экстремистии ҷаҳонӣ бо номи “Гурӯҳи – 24”,   ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ва дигар гурӯҳҳои пайравандаашон, ки аз тарафи хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ мешаванд ташкил карда шуда буд, ки  аз тарафи мардуми сарбаланди Бадахшон маҳкум намуданд. Зеро,ки сокинони вилоят ёд доранд, ки оқибатҳои ҷанги таҳмилие, ки солҳои 90 – уми асри гузашта ба миллати тоҷик чигуна  вазниниҳоро овард, зиёда аз 14  ҳазор ҷавонон ҷони ҷавонашонро қурбон карда, 14  ҳазор оилаҳои ҷавон бесаробон монда, фарзандони онҳо ятим гаштаанд ва зиёда аз 1  миллион сокинони ҷумҳурӣ бехонаю ҷойи зист ва фирорӣ шуданд, иқтисодиёти давлатро ба нестӣ бурда, писарро ба падар душман карданд.

Ин рӯзҳои вазнинро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем карду он ҷавононе, ки имрӯз аз он рӯзҳои мушкил огоҳ набударо душманони миллат ва гурӯҳи террористӣ – экстремистӣ ба тарафи худ кашида ба онҳо мансабу маблағҳои калони пулӣ ваъда мекунанд, то ин ки амалҳои ноҷавонмардонаи хешро дар кишвари амну озоду осудаи мо амалӣ созанд.

Аминам, ки мардуми сарбаланди Бадахшон  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмонро дастгирӣ намуда, намегузоранд, ки нохалафе оромию  осудагии  Тоҷикистони биҳиштосои моро халалдор намоянд.

Каримзода Пирмуҳуммад Авғон – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Дар ноҳияи Данғара 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg