БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

ЁВОН. Бо мақсади татбиқ намудани сиёсати инсонпарварона ва хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 Бобизода Гулшан аз ҳисоби маблағгузории кумитаи волидайн ба ятимон ва хонандагони аз оилаҳои камбизоат сару либоси зимистона тақдим карда шуд.

Зимни тақдими сару либоси зимистона муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат суханронӣ намуда, иқдоми директори муассисаро давоми иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи маҳал арзёбӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg