БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ЁВОН. Бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии “Бӯстон-1” –и деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова маҷлиси ҷамъбастӣ доир карда шуд.

Дар кори маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ҳисоби ташкилоти мазкур, собиқадорон ва ҷавонон иштирок намуданд.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоӣ Абешов Қурбоналӣ дар назди ҳозирин аз фаъолияти яксола дар соли 2021 дар назди ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуда, иброз дошт, ки соли 2021 барои сокинони деҳаи мо дар қатори дигар сокинони шарафманди кишварамон соли хотирмон буд,  зеро, ки имсол мо 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастоврдҳои назаррас таҷлил намудем.

Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Абдуллозода Саёҳат иброз дошт ки аъзои ташкилоти ибтидоии “Бӯстон-1” дар қатори дигар ташкилотҳои ноҳия фаъол буда, дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg