БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ПАШША ФИЛ НАСОЗЕД!

ВОКУНИШ.  Новобаста аз таъсири бемории сироятии короновирус COVID-19, ки сокинони  сайёраро  ба таҳлука афтонид ва буҳрони иқтисодие, ки баъди хуруҷи ин беморӣ ба вуҷуд омад, корхонаҳои калон барои паҳн нашудани ин бемории сироятӣ кормандони худро дар муддати  тӯлонӣ аз кор озод намуданд, заводу фабрикҳо аз кор монданд  ва ин ҳама ба паст шудани сатҳи соҳаи иқтисодӣ ва баланд шудани нархи маҳсулотҳоро қариб, ки дар  ҳамаи давлатҳои  ҷаҳон ба вуҷуд овард. Тадбирҳое зарурие, ки  дар ин давра дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардиданд, тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии давлатро таъмин кард.

Имрӯзҳо новобаста аз буҳрони иқтисодӣ Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва мамлакати  моро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанду  этироф мекунанд. Вале хоинони миллату давлати мо ин ҳамаро нодида гирифта, имрӯз дар давлатҳои хориҷа паноҳ ёфта, аз дурӣ, ба Тоҷикистони ободу осуда  санги маломат ҳаво медиҳанд.  Қариб, ки ҳар рӯз ин кӯрнамакон тавассути  шабакаҳои интернетӣ наворҳои таҳқиромезро нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон пахш намуда, ба ин восита мехоҳанд дар  дили   мардум алалхусус, байни ҷавонон ҳисси бадбиниро нисбати ин  миллату  давлат ҷо намоянд. Ин хоинони миллат, ки худ дар ин Ватан ба камол расида,  нону намакашро хӯрда, ҳавояшро нафас кашидаанд. Ҳатто авлоду аҷдодашон дар ин сарзамин умр ба сар мебаранд, имрӯз худро мухолиф ҳисобида, дар давлатҳои хориҷа бо дастури хоҷагони хориҷиашон,  ки мақсад ва ҳадафашон барпо намудани нооромӣ, тарсу ваҳмро дар дили мардум ҷо кардан аст, шабу рӯз ба мисли ғуломи ҳалқабаогӯш  кор карда , дар шабакаҳои интернетӣ наворҳои дурӯғу бедаделро пахш мекунанд.

Воқеаҳои рӯзҳои  охире,  ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  шуда гузашт, хоинони миллат аз пашша фил сохта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ   ин қазияро бо ҳар шаклу воситаҳои бардурӯғ ба мардум пешниҳод намуданд.  Хостанд, ки байни ҳокимияту халқ  нофаҳмиву нобоварӣ ба вуҷуд оварда, давлатро ба ҷангу ҷидол кашидаву заҳматҳои 30-солаи миллати тоҷикро бар бод диҳанд.

Хушбахтона,  тири бадхоҳони  миллати мо хок хӯрду мардуми шарифи сарбаланди тоҷик ақли солимро ба кор бурда нагузоштанд, ки ҳадафҳои нопоки онҳо амалӣ гардад. Вале ҳанӯз  ҳам, баъди  ором шудани  ин   гирдиҳамоӣ кӯрнамакони миллати тоҷик  қарор нагирифта ин қазияро то ин ҳол бод намуда истодаанд.

Аз мардуми  сарбаланд ва  бо нангу  ори  Тоҷикистони азиз  хоҳиш менамоем, ки зиракии сиёсии худро аз  даст  надиҳанду  ба сафсатаҳои ин хоинону душманони миллат дода нашаванд.  Бигзор ҳамеша ҳама сарҷамъ бошему Ватанамон  тинҷу ором.

Азиз Замонов,  мудири бахши омори Кумитаи  иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg