БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» ДАР АМАЛ

ШАҲРИТУС. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаҳои Ҷамъият- Деҳқон ва Хушодии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъият-Деҳқон» ва «Хушодӣ» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи ШАҳритус иштирок дошта,  қабл аз оғози Аксия масъулин бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом доданд. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худрӯй машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg